Family unrecorded

Mavrigi

Мавригӣ — аз силсилаи суруду рақс, оҳанг ва зарбу усулҳои хос иборат буда, аз тарафи мардҳо ва занҳо дар базму тӯю хурсандиҳо иҷро мешавад. Рақсҳо дар мавригӣ дар асоси оҳангҳои бо ҳам наздики эронӣ ва тоҷикӣ эҷод шудаанд.

No licensed photograph yet
Four in five rooms open without one. Add a photograph with a declared licence and your credit sits under it, permanently.
Archival typographic plate · seeded for Mavrigi+ Add licensed photo →
Understand in 30 Seconds · In Plain Words

Quick guide to Mavrigi

Sourced or Silent · CC BY-SA 4.0

Мавригӣ — аз силсилаи суруду рақс, оҳанг ва зарбу усулҳои хос иборат буда, аз тарафи мардҳо ва занҳо дар базму тӯю хурсандиҳо иҷро мешавад.

01 · What it is
Living Tradition

Documented cultural tradition on record; family classification awaits an editor.

02 · Where & name
Geography awaiting source

Add a cited source naming the region or community that carries it.

03 · How it is doing
□□□□ (Not yet assessed)

Documented in open cultural records, but no cited field assessment of its current vitality has been added here yet.

04 · Proof & reuse
2 cited sources

Every claim links to a public record below. Free to quote, teach, and share under CC BY-SA 4.0.

Chapter Takeaways
ТаърихМавригӣ дар охири асри ХIХ ва оғози асри ХХ дар Бухоро ба вуҷуд омадааст.
Тавсифи мухтасарДастаи маврихонон аз се доирадаст, ҳофизон ва раққосон иборат аст.
МавригӣКам-камак рафтам сӯйи заргаре, Кам-камак рафтам сӯйи заргаре.
МавригӣСоқӣ, ман мастам, май ба кас мадеҳ, То ки ман ҳастам, дил ба кас мадеҳ.
Common Questions Answered on Record
What is Mavrigi in plain words?

Мавригӣ — аз силсилаи суруду рақс, оҳанг ва зарбу усулҳои хос иборат буда, аз тарафи мардҳо ва занҳо дар базму тӯю хурсандиҳо иҷро мешавад.

Where is Mavrigi practised or documented?

No verified geographic place has been linked on record yet — editors can add a cited place from the edit page.

What is the current condition of Mavrigi today?

□□□□ (Not yet assessed): Documented in open cultural records, but no cited field assessment of its current vitality has been added here yet.

How do I cite or share this Mavrigi entry?

Cite as: "Mavrigi." folkroom, https://folkroom.org/art-forms/mavrigi, text CC BY-SA, with attribution.

Share or cite this roomNo tracking · CC BY-SA 4.0
WhatsAppXLinkedInRedditFacebook

The tradition & historical record

3 min read · 2 sources

Мавригӣ — аз силсилаи суруду рақс, оҳанг ва зарбу усулҳои хос иборат буда, аз тарафи мардҳо ва занҳо дар базму тӯю хурсандиҳо иҷро мешавад. Рақсҳо дар мавригӣ дар асоси оҳангҳои бо ҳам наздики эронӣ ва тоҷикӣ эҷод шудаанд. 1

Таърих

Мавригӣ дар охири асри ХIХ ва оғози асри ХХ дар Бухоро ба вуҷуд омадааст. Ни ҳунар аввал танҳо ба минтақаи Бухоро хос буд ва баъдтар дар байни тоҷикони Осиёи Миёна паҳн шуд. Ин таронаҳои мардумӣ дар байни тоҷикони Бухорову Самарқанд, инчунин яҳудиёни тоҷик (бухороӣ) маъруф буданд ва ҳастанд, гарчанде имрӯз бархе аз онҳо ба забони бегона садо медиҳанд. Якчанд аз ин гуна сурудҳоро бастакорони классик пурра ё қисман ба таркиби таронаҳои машҳури Шашмақом, аз қабили Уфари Уззол, Оромиҷон ва ғ. ворид сохтаанд. Матни бархе аз ин гуна таронаҳоро, ки ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурудаанд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ силсилаи суруду рақси «Мавригӣ» дар санъати Тоҷикистон низ рушд ёфт ва дар репертуари ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо», ва раққосони алоҳида ҷой гирифт. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар он дар барномаҳои ансамбли «Ганҷина»-и Филармонияи давлатӣ, дастаҳои фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ»-и ш. Турсунзода, «Насими Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав, «Бонуи»-и ноҳияи Панҷакент ва чанде дигар ворид шудааст. 1

Тавсифи мухтасар

Дастаи маврихонон аз се доирадаст, ҳофизон ва раққосон иборат аст. Силсилаи сурудҳои Мавригӣ аз қисмҳои шаҳд, чорзарб, сархона, макайлик ва гарайлӣ иборат буда, пайдарҳам ва бидуни фосила иҷро карда мешаванд. Маврихонҳои хушовозро марғулахон ва каммаҳоратро ростхон мегуфтанд. Дар оғоз сариовозгир як мисраи мухаммасеро бо овози ларзон иҷро мекунад. Сипас иҷрои шаҳд, ки қисми кӯтоҳи даромад буда, матнаш аз рубоӣ иборат аст, шурӯъ мешавад. Сароянда нидоҳои «эй ҷон», «амон — амон»- ро бо овози ларзон мад кашида месарояд. Сипас бо тағйири усули доира яккахон пас аз 2-3 бор хондани шаҳд ба гардон мегузарад. Яккахон бо гурӯҳи ҳофизон бо навбат рубоӣ мехонанд. Суруди машҳури мавригӣ чорзарб мебошад, ки дар рафти иҷрояш 4 маротиба зарб тағйир меёбад. Сипас ба фаровард, ки матнаш аз якчанд байти Ҳофизи Шерозӣ иборат аст, мегузарад. Пас ба иҷрои фуроварди гардон ва сурудҳои рақсӣ мепардозад. Ҳар як силсилаи хонишро пайт меноманд, ки аз шаҳд, гардон ва фуровард иборат аст. Инчунин дар маврихонӣ сурудҳои алоҳида бо номи майдағазал истифода мешаванд. Масалан сурудҳои шӯху хандаовари «Мурғак», «Ҳасанҷон», «Уштур ба чаман», «Биё як», «Аз ман чаро ранҷидаӣ», «Секинак», «Гули лола», «Шоҳдухтар» ва амсоли инҳо иҷро мегарданд. Пас аз рақси Чорзарб жанри майдахонӣ ё миёнхона (нақарот) иҷро мешавад. Қисми охир, яъне ғарайлӣ боз ҳам тезтар шуда, оҳангҳои тағирёбандаи рақсӣ бо ҳамроҳшавии нақора иҷро мешаванд. Дар рақси «Мавригӣ» ҳам марду ҳам зан ҳаракати «шикан-шикан»-ро бо ангуштони ду даст садо бароварда, бо ин ҳаракат ба пеш ҳаракат мекунанд. Раққоса ҳаракатҳорогоҳ дар як тараф ва гоҳ дар тарафи дигар иҷро намуда, оҳиста-оҳиста ба пеш, сипас ба қафо меравад ва чарх зада менишинад. Ӯ кӯшиш менамояд, ки мазмуни таъсирнокии сурудротавассути ҳаракатҳои рақсӣ ва имову ишора кушояд. 1

Мавригӣ

Кам-камак рафтам сӯйи заргаре, Кам-камак рафтам сӯйи заргаре. Заргаре, гуфтам, гӯшвор надорӣ? Заргаре, гуфтам, гӯшвор надорӣ?… 1

Мавригӣ

Соқӣ, ман мастам, май ба кас мадеҳ, То ки ман ҳастам, дил ба кас мадеҳ. Имшаб чӣ шаб аст, ман ба гирдат мастам, ёре, май ба кас мадеҳ, Соқӣ, ман мастам, май ба кас мадеҳ, То ки ман ҳастам, дил ба кас мадеҳ…. 1

Мавригӣ

Кабӯтар будаму парвоз кардаме, Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме, Кабӯтар будаму парвоз кардаме, Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,… 1

The text above is adapted from the Wikipedia article “Мавригӣ”, available under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 4.0 licence. 1

Mavrigi is recorded in open cultural data. The structured record cited below does not describe the practice, and this entry has not yet been reviewed by a person familiar with the tradition. 2

No recording linked yet — know one? Point at it →
Sources on Record
[1]Wikipedia: Мавригӣ · encyclopedia
Sourced or Silent · Still Open

Questions awaiting a cited source

+ Answer with a source →
How many people perform it today?
When is it first attested, and by whom?
What does it look like? No licensed photograph yet.