The tradition & historical record
2 min read · 2 sourcesРақси «Рӯймол» – як навъ рақси анъанавии тоҷикон мебошад, ки онро занон таҳти зарби доира, таблак, ё созҳои дигари мусиқии миллӣ иҷро мекунанд. 1
Тавсифи мухтасар
Рақси «Руймол»-ро таҳти садои доира, таблак, ё созҳои дигари мусиқии миллӣ занҳо иҷро мекунанд. Он рақси якка буда, дар тӯю маъракаҳои оилавӣ, идҳои расмӣ ва халқӣ, базмҳо ва ғайра иҷро мегардад. Ин рақс зебогӣ, мавзунқоматӣ, ороиши эстетикии занро тавассути ҳаракатҳои гуногуни мавзуни дастҳо, пайкар, мимикаи рӯй таҷассум менамояд. Дар рақс иҷрокунанда дар як ҷо нишаста, рӯймолро гулдӯзӣ карда, дар айни замон бо ҳаракатҳои зебои маҳин ва имову ишораҳои пур аз маънӣ олами эҳсосоти ширину гуворои худро намо- иш медиҳад. Ӯ ҳамин тавр рӯймолро дӯхта, аз хурсандӣ мерақсад ва ба ягон кас онро туҳфа мекунад. Дар варианти дигари ин рақс раққоса дар ҳар дасташ рӯймолчаеро дорад. Ӯ майда-майда қадам мегузорад ва ба иҷрои ҳаракатҳои рақсӣ шурӯъ мекунад. Раққоса бо навбат ҳар яке аз дастонашро боло бардошта, рӯймолчаҳоро бо банди даст ин сӯ ё он сӯ тоб медиҳад. Ҳангоми истодан ӯ дасти чапро ба пушт мебарад ва дасти ростро боло бардошта, рӯймолчаро меларзонад. Ҳамин ҳаракат бо дасти дигар низ такрор мешавад. Дар асри ХХ дар санъати рақсии касбӣ ва ҳаваскорӣ намудҳои гуногуни ин рақс ба вуҷуд омаданд. Дар санъати ҳаваскорӣ устодон рақси якка, дунафара ва шакли гурӯҳии ин рақсро ба саҳна гузоштанд. Дар шакли гурӯҳии рақси мазкур дувоздаҳ духтар рӯймолҳоро дар ду даст гирифта ба рақс мебароянд. Онҳо дастҳояшонро бо рӯймол ин сӯ ё он сӯ алвонҷ дода, ба пеш ҳаракат мекунанд. Раққосаҳо дар як саф истода ба ду қатор тақсим мешаванд. Як қатор духтарон ба як зону мешинанд, раққосаҳои дигар қатор омада, гирди он онҳо давр зада, бо нишастагон ҷойҳоро иваз мекунанд. Раққосаҳо баъди он дар саҳна ба тар- зи нимдавра паҳлуи ҳам меистанд. Ду нафар раққоса аз байни духтарон гузашта, дар саҳна бо рӯймол чарх мезананд. 1
Маҳалли густариш
Вилояти Суғд, водии Ҳисор 1
Вазъи имрӯзаи унсур
Фаъол 1
Нигаред
Рақс бо дутор Қошуқбозӣ Рақс бо кӯза 1
Пайвандҳо
Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас) 1
The text above is adapted from the Wikipedia article “Рақси «Рӯймол»”, available under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 4.0 licence. 1
Ruymol is type of dance, according to the structured record cited below. This entry was generated automatically from that record and has not yet been reviewed by a person familiar with the tradition. 2