Ин рақс дар он қисми авҷи суруд иҷро мегардад, ки «уфар» ном дорад. Баъзан ду уфар ҷо дорад ва дувумаш нисбат ба аввалааш шӯхтар аст. Усули зарб дар уфар иваз меёбад, аммо бо суруд аз ҷиҳати оҳанг ва мақом умумияте дорад. Иҷрокунанда на танҳо раққос, балки дар айни замон низ
ҳофиз мебошад. Ӯ мазмуни сурудро ҳам бо овоз ва ҳам бо ҳаракатҳои мавзуни худ ифода менамояд. Мазмуни чунин сурудҳои рақсӣ гуногун: аксар ғиноӣ, ё ғиноию мазҳакаомез мебошанд. Нақароти суруди рақсии ӯро дастаи навозандагон такрор мекунанд. 1
Маҳалли густариш
Саросари кишвар 1
Вазъи имрӯзаи унсур
Фаъол 1
Нигаред
Рақси «чойнак»
Рақси остин
Рақси «хориш» 1
The text above is adapted from the Wikipedia article “Уфар (рақс)”, available under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 4.0 licence. 1
Ufar dance is type of dance, according to the structured record cited below. This entry was generated automatically from that record and has not yet been reviewed by a person familiar with the tradition. 2